Статья:

ИСТИФОДАИ ПАЙВАНДАКҲОИ ПАЙВАСТКУНАНДА ДАР ЗАБОНҲОИ АРАБӢ ВА ТОҶИКӢ

Журнал: Научный журнал «Студенческий форум» выпуск №20(199)

Рубрика: Филология

Выходные данные
Мадумаров Н. ИСТИФОДАИ ПАЙВАНДАКҲОИ ПАЙВАСТКУНАНДА ДАР ЗАБОНҲОИ АРАБӢ ВА ТОҶИКӢ // Студенческий форум: электрон. научн. журн. 2022. № 20(199). URL: https://nauchforum.ru/journal/stud/199/113205 (дата обращения: 26.04.2024).
Журнал опубликован
Мне нравится
на печатьскачать .pdfподелиться

ИСТИФОДАИ ПАЙВАНДАКҲОИ ПАЙВАСТКУНАНДА ДАР ЗАБОНҲОИ АРАБӢ ВА ТОҶИКӢ

Мадумаров Нишонбой
Магистранти соли дуюми МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б.Ғафуров», Тадҷикистан, Худҷанд

 

Мавзӯи пайвандак дар забоншиносӣ мавқеи хосро доро мебошад. Чун маълум аст, пайвандак ҳиссаи номустақил ва ё ёридиҳандаи нутқ мебошад. Дар забони тоҷикӣ пайвандакҳо аз рӯи вазифаи грамматикиашон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: пайвандакҳои пайвасткунанда ва пайвандакҳои тобеъкунанда Мақолаи мазкур дар доираи масъалаҳои пайвандакҳои пайвасткунанда ҳаллу фасл гардида, дар забонҳои муқоисашаванда (тоҷикӣ ва арабӣ) суръат мегирад. Дар мавзӯи пайвандакҳо олимони ватанӣ ва хориҷӣ саҳми бориз гузоштаанд, аз қабили Ҳ.Каримов, Б. Камолиддинов А. Маниёзов, А. Мирзоев, Ш. Рустамов, Д. Тоҷиев, Р. Ғаффоров, ки барои васеъ ва фаҳмо кардани мавзӯи мазкур таҳқиқ ва пажуҳиш гузаронидаанд. Аз олимони хориҷӣ бошад, Б.М.Гранде, А. Ковалев, Ш. Шарбатов ва ғайра.

Дар қисми морфология оид ба сохт ва хели пайвандакҳо маълумоти умумӣ дода мешавад. Аммо ба пуррагӣ омӯхтан ва таҳқиқ кардани маъноҳои гуногун ва мавқеъ ва мавриди истифодаи пайвандакҳо дар синтаксис ва ё вазифаи синтаксис ба шумор меравад.Пайвандакҳои пайвасткунанда ба монанди (ва, -у, ҳам, вале, аммо, лекин ва ё ғайра) мебошанд, ки муносибатҳои аъзои ҷумла ва ҷумлаҳоро ифода мекунанд.

Пайвандакҳои пайвасткунанда ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд

 

Аз истифодаи ин мисолҳо ба хулоса омадан мумкин аст, ки ҳар як пайвандаки зикр гардида ва истифода шуда мавриди истифодаи ба худ хос дошта барои пурра ва комил кардани маъно дар нутқ ва ҷумла истифода мегарардад. Дар боло қайд гардид, ки пайвандакҳо дар ҳар забонҳои муқоисашаванда мавқеи боризро доро мебошад. Дар забони арабӣ низ муодили пайвандакҳо вуҷуд дорад. Аммо ин намуди пайвандакҳо ба се гурӯҳ ҷудо намешаванд. Пайвандакҳоро дар забони арабӣ бо истилоҳи “атф” ва ё ном мебаранд, ки якояки онро дар поён шаҳр хоҳем дод. Агар пайвандакҳои забонҳоро дар якҷоягӣ қиёс карда бароем, фаҳмидан мумкин аст, ки пайвандакҳои ҳар ду забон вазифаи якхеларо иҷро карда, дар баъзан ҳолат дар вазифаҳои гуногуни грамматикӣ вомехӯранд. Дар забони арабӣ низ пайвандакҳо дар қисми махсус раддабандӣ карда мешаванд. Пайвандакҳои забони арабӣ исмҳои баъди худаш меомадаро бло исме, ки қабл аз худаш меояд ва баъди худаш меомада дар ҳама ҳолат бояд ба якдигар мутобиқат кунад. Ҳарфҳои “Атф” инҳо мебошанд:

الواو والفاء و ثم و او و ام و لكن و لا بل

Дар забони тоҷикӣ мо ин гурӯҳи пайвандакҳоро ба ду гурӯҳ ва се зергурӯҳ тақсим кунем дар забони арабӣ ҳамаи ин дар як гурӯҳ ва як зергурӯҳ раддабандӣ шудааст. Аммо он пайвандакҳои забони тоҷикиро ки ба гурӯҳҳо ҷудо шудааст, мо метавонем дар муқоиса бо забони арабӣ онҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо намеом. Пайвандаки “واو” барои пайваст кардан тартиби истифодаи исмҳо, феълҳо ва ҷумлаҳо муайян кардан хизмат мекунад: Бакр ва Амр ғолиб шуданд فاز بكر و عمرو –

Дар ин мисоли зерин пайвандаки “ӯ” вазифаи муаяйкунии тарбити исмҳоро ифода карда ду исмро, яъне Бакр ва Умарро ба ҳам пайваст намудааст. Дар ин ҷумла низ мавқеи грамматикии ин исмҳо низ якхел мебошад:

عاد رضوان و عباس و جليل الي منزلهم

Пайвандаки “ف- пас низ дар забони арабӣ истифодааш маъмул мебошад. Истифодаи пайвандаки “ف” барои тартиб ва таъқиби исм ба кор бурда мешавад, инчунин ин пайвандак ба феълҳо низ пайваст шуда, истифода бурда мешавад.

دخل المتهم فالحامي - - Аввал гунаҳгор сипас ҳомӣ даромад.

 فدخل جبل في الحديث دون وعي منه متسائلاً - - Кӯҳ бе огоҳӣ ба сухан даромада онро пурсид:[а х.154]

Пайвандаки “ثُمَّ” яъне, муодили он дар забони тоҷикӣ баъд мебошад, ки бисёр истифода мешавад. Пайвандаки мазкур низ барои муайян кардани вақти иҷрои амал истифода бурда мешавад.

- Падар омад сипас фарзанд جا اب ثم ابنٌ –

و يتبادلون النظراتٍ ثم يتجهون باعينهم الي حمدان – Ва табодули назар карданд сипас ба Ҳамдон рӯ оваранд[а.х.179]

Пайвандаки “او” барои ифодаи ҷумлае, ки дар он шакку шубҳа вуҷуд дорад, ба кор бурда мешавад.

اوصل الخبر احد او محمود؟ -Номаро Аҳмад ё Маҳмуд расонид.

Пайвандаки “لكن” дар ҷумлаи забони арабӣ барои ислоҳ кардан истифода бурда мешавад.

ما نجح علي لكن احوه - Алӣ не балки бародараш комёб шуд.

Пайвандаки “بل” дар ҷумла барои ҳолати радкунӣ ва зиддияти амал ва инчунин дар мавридҳои гуногун истифода бурда мешавад.

لا احب الكتابة بل القراة – Ман навиштанро не балки хонданро дӯст медорам.

Аз истифодаи мисолҳои дар боло истифода шуда, фаҳмидан мумкин аст, ки дар забони пайвандаки “و” , ки муодили он дар забони тоҷикӣ “ва, ю, у” мебошад, ба корбурда мешавад. Агар дар забони тоҷикӣ мо се пайвандакҳоро барои пайи ҳам истифода бурдани исмҳо истифода барем аммо дар забони арабӣ танҳо пайвандаки “و” метавонад худаш амали се пайвандаки ҳамтои худ ки дар забони тоҷикӣ дарҷ гардидааст, як худаш ифода кунад. Яъне, дигар пайвандакҳо низ мисли ин пайвандак он ҳама пайвандакҳое, ки дар забони тоҷикӣ ифода мегардад, дар забони арабӣ истифода бурда мешавад, аммо на бо пуррагӣ, ки забони тоҷикӣ бо қонуну қавоидаш доро мебошад. Барои возеҳияти ин гуфтаҳо дар поён тариқи ҷадвал ва схемаҳои махсус бо мисолҳо шаҳру эзоҳ медиҳем. Ҳамин тавр, дар забони арабӣ низ пайвандакҳое вуҷуд доранд, ки қариб ба пуррагӣ вазифае, ки дар забони тоҷикӣ доранд ба ҳайси муодили худ иҷро мекунанд.

 

Пайнавишт:
1. Ashrapov, B.P. Consideration on the place and role of subordinate conjunctions in "Tuhfat- ul-khoni" by Muhammad Vafo Karminagi / B.P. Ashrapov // Bulletin of Tajik State University of Law, Business and Politics. Series of Humanitarian Sciences. – 2017. – No 4(73). – P. 101-109. 
2. Ashrapov, B.P. Some consideration beset with functions of coordinative conjunctions in Tajik literary referring to the XVIII-th century (on the example of «Tuhfat-ul-khoni» by Muhammadvafoi Karminagi) / B.P. Ashrapov, E.A. Azimov //30 декабря 2021 года. – Москва: Инфинити, 2021. – P. 72-78. 
3. Ашрапов, Б.П. Сравнительный анализ морфологических особенностей кумулятивных союзов в таджикском, арабском и английском языках / Б.П. Ашрапов // Актуальные исследования. – 2022. – № 12(91). – С. 41-43. 
4. Ғиесов, Н.И. Вижагиҳои сарфӣ ва наҳвии пайвандакҳо дар забони адабии тоҷикии қарни XVIII (дар мисоли "Тӯҳфат-ул-хонӣ"-и Муҳаммадвафои Карминагӣ) / Н.И. Ғиесов, Б.П. Ашрапов // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ. – 2020. – No 1(259). – P. 280-287. 
5. Гранде, Б.М. Курс арабский грамматики ва сравнительно-историческом освещении. 2-е издание. Москва Издателская фирма «Восточная литетатура», РАН 2001. – 500 с. 
6. Забони адабии ҳозираи тоҷик – Душанбе: Маориф, 1982. – 465 с. 
7. Ковалев, А.А. Шарбатов Г.Ш. Учебник арабского языка. Москва Издательская фирма «Восточная литетатура», РАН 1998. – 400 с. 
8. Садриддин Айнӣ-Ёддоштҳо – Душанбе, 2009. – 350 с.
9. Юшманов, Н.В. Грамматика литературного араского языка. Санкт-Петербург Юридический центр Пресс 1999. – 300 с.