Статья:

ТАРҶУМАИ ҲИКМАТҲОИ КОНФУТСИЙ БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ: МУШКИЛОТУ МУАММОҲОИ ОН

Журнал: Научный журнал «Студенческий форум» выпуск №21(200)

Рубрика: Филология

Выходные данные
Мирзошарипова Н. ТАРҶУМАИ ҲИКМАТҲОИ КОНФУТСИЙ БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ: МУШКИЛОТУ МУАММОҲОИ ОН // Студенческий форум: электрон. научн. журн. 2022. № 21(200). URL: https://nauchforum.ru/journal/stud/200/113926 (дата обращения: 27.12.2024).
Журнал опубликован
Мне нравится
на печатьскачать .pdfподелиться

ТАРҶУМАИ ҲИКМАТҲОИ КОНФУТСИЙ БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ: МУШКИЛОТУ МУАММОҲОИ ОН

Мирзошарипова Наргиса
магистранти соли дуюми МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б.Ғафуров», Тадҷикистан, Худҷанд
Раҳимов Исломҷон
научный руководитель,

 

Китобҳои Конфутсий то кунун ба таври мукаммал ба забони тоҷикӣ тарҷума нагаштаанд. Аз ин сабаб, дар синологияи тоҷик ин замина холӣ аст ва даст задан ба тарҷумаи осори ин файласуфи бинодили чинӣ айни муддао мебошад. Дар назди синологияи тоҷик чунин вазифа меистад, ки на танҳо осори Конфутсий, балки дигар асарҳои адибон ва муаррихони чиниро ҳам ба тоҷикӣ тарҷума кардан зарурият дорад. Ҳикматҳои Конфутсий низ дар шакли китоби алоҳида ба забони тоҷикӣ тарҷума нагаштааст.

Ба андешаи мо бори аввал хонандагони тоҷик баъди нашри тоҷикии китоби Муҳаммад Рашшод “Фалсафа аз оғози таърих” бо ҳикматҳои ин файласуфи чинӣ бо хати кириллӣ шинос гардиданд. Дар ин китоб якчанд ҳикмати Конфутсий баргузида шудаанд ва дар он ҷойгир кунонида шудаанд. Дар ин ҷо он тарҷумаро иқтибос меорем:

Агар мардум маро нашиносанд боке нест, ман аз он бимнокам, ки ман мардумро нашносам. Ба ҷои ин ки ба торикӣ лаъну нафрин кунед, як шоха шамъ равшан намоед! Тамошои ситам ва исғон арбадаи ситамгарон нахустин гом ба сӯи ситамгарӣ аст.

Инқилоб ҳаққест ношӣ аз Худо. Фақат касоне тағйирнопазиранд, ки хеле аҳмақ ва ё хеле хирадманданд. Шоҳ барои истиқрори назм набояд касеро эъдом кунад, чи агар худи ӯ хуб бошад, мардум низ хуб хоҳанд шуд. Бод ба ҳар сӯ вазад, алафҳо низ ба ҳамон сӯ ҳам мегарданд. Агар бо душман меҳрубонӣ кунӣ, пас бо дӯст чӣ бояд кунӣ? Бо душман адолат кун ва бо дӯст меҳрубонӣ [7; 6; 5].

Он чӣ бар худ намеписандӣ, бар дигарон низ маписанд!

Вазифаро вафзифа бидон, на василаи касби рӯзӣ!

Некон ба ҳукми виҷдон анҷоми вазифа мекунанд ва бадон ба хотири рутба ва мақом. Некон дар паси иҷрои адолат ҳастанд ва бадон дар талаби ҳусну шӯҳрат. Касе, ки натавонад дар азми худ собитқадам бошад, чун киштии беқутбнамое дар миёни амвоҷ саргардон хоҳад монд. Авомунносро метавон маҷбур кард роҳеро дар пеш гиранд, вале наметавон ба онҳо фаҳмонад, ки чаро бояд он роҳро пеш гирифт [9]. Агар касе доиман аз худ суол накунад, ки чӣ бояд кард, ман намедонам бо чунин касе чӣ бояд кард. Дар асли хилқат ҳама баяксон ҳастанд, вале фақат тарбият, русум ва одоти мутафовита онҳоро аз ҳам мутамойиз кардааст.

Ашхоси бузург сифоти худро дар вуҷуди худ ҷустуҷӯ мекунанд ва ашхоси кӯчак дар вуҷуди дигарон. Ман ҳаргиз ба ёд надорам, ки касе ба ризо ва рағбат ба нақоиси ахлоқӣ худ эътироф кунад. Ҳунар он нест, ки одамӣ суқут накунад, балки ҳунар он аст, ки пас аз ҳар суқуте муҷаддад бархезад. Ҳикмат ба мо фақат роҳ нишон медиҳад, вале шаҳват моро башиддат ба ҷониби худ мекашад ва аз ҳамин ҷиҳат аст, ки инсон ба тарафи ҳикмат оҳиста қадам бармедорад, лекин ба тарафи шаҳват ба шитоб [2].

Бадтарин инсон яке он зоҳиди солусест, ки зоҳирашро ба ҳиляи тақво биёрояд ва ботинашро ба лавси гуноҳ биёлояд; дуввум он шӯъбадабозест, ки худъа ва тақаллубро пешаи худ созад; саввум он қозии муғризест, ки бар асоси хуб ва буғз қазоват кунад; чаҳорум он кинатузи ноҷавонмардест, ки бо душманаш тазоҳур ба дӯстӣ кунад, то дар рӯзи фурсат интиқоми худро аз ӯ бикашад; панҷум он дурӯғпардозест, ки ба суханони ботили худ либоси ҳақ бипӯшонад [1, c.120].

Донишҷӯе, ки аз бутун кардани ҷомаи куҳан хиҷолат кашад ва аз тановули ғизоҳои берамақ рӯй турш кунад, дархури муошарат нест. Ман як шабонарӯз хобу хӯрокро бар худ ҳаром кардам, то битавонам фикр кунам, лекин саранҷом дидам, ки фикр ба танҳоӣ самаре ба бор намеоварад, бояд илм ҳам омӯхт. Табиат, бовуҷуде ки ҳеҷ гоҳ ҳарф намезананд, маазолик дар чаҳор фасли худ мураттабан заминро сарсабз намуда, ба мавҷудот нерӯи ҳаёт мебахшад. Эй кош ман ҳам метавонистам бидуни сухан гуфтан вазифаи худро анҷом диҳам. Раиси як хонавода бояд ҷомеъи ҳамон сифот ва хасоиле бошад, ки подшоҳи як кишвар онҳоро доро аст. Идораи хонавода кори бас душворест. Арвоҳро муҳтарам шумор, вале ҳаргиз бад-онҳо наздик машав! Тафаккур дар бораи умури мобаъдуттабиа зиёновар аст. Ту, ки ҳанӯз вазоифатро нисбат ба зиндагон анҷом надодаӣ чӣ гуна мехоҳӣ ба мурдагон бипардозӣ? [5, c.20].

Мо, ки намедонем, зиндагӣ чист, чӣ гуна хоҳем донист, ки марг чист? Ҳамин тариқ, дар баробари пешрафт дар тарҷумаи осори Конфутсий ба забони тоҷикӣ мушкилот ҳам ҷой доранд. Аммо бо кӯшишу ғайрати мутарҷимони тоҷик ин душвориҳо паси сар гашта истодааст.

 

Пайнавишт: 
1. Ashrapov, B. P. Morphological peculiarities and the level of usage of the article-е with plural nouns in the Tajik literary language referring to the XVIII-th century / B. P. Ashrapov // In Situ. – 2022. – No 5. – P. 65-67.
2. Ашрапов, Б.П. Сравнительный анализ морфологических особенностей сложных наречий в китайском и английском языках / Б.П. Ашрапов, Э.А. Азимов // Актуальные исследования. – 2022. – № 11(90). – С. 27-29. 
3. Васильев В.П. Конфуцианство / Конфуций: Я верю в древность. – Москва: Республика, 1995. С. 214 – 250. 
4. Вольтер. О Конфуции. / Конфуций: Я верю в древность. – Москва: Республика, 1995. С. 209-210. 
5. Конфуций. Афоризмы мудрости. – Москва: Белый город, 2008. – 451 с. 
6. Конфуций. Лунь Юй / Перевод и комментарий Л.С. Переломов. (матн, варианти электронӣ).
7. Конфуций. Самые остроумные афоризмы и цитаты. / Перевод А.К. Рахманова. – Москва: АСТ, 2014. – 45 с. 
8. Конфуций. Суждения и беседы / А.А. Маслов; худож.-оформ. А. Семенова. – Изд. 2-е. – Ростов на Дону: Феникс, 2006. – 304 с. 
9. Конфуций: Я верю в древность. – Москва: Республика, 1995. – 386 с. 
10. Малявин В. Конфуций. Жизнь замечательных людей. – Москва: Молодая гвардия, 1992. - 
11. Муҳаммад Рашшод. Фалсафа аз оғози таърих. – Душанбе: Ирфон, 1990. – 480 с. С. 58-59.