Статья:

ФАЪОЛИЯТ ВА ОСОРИ АЛИАКБАРИ ХИТОЙӢ

Журнал: Научный журнал «Студенческий форум» выпуск №20(199)

Рубрика: Филология

Выходные данные
Қурбонов Р.М., Ҷино А. ФАЪОЛИЯТ ВА ОСОРИ АЛИАКБАРИ ХИТОЙӢ // Студенческий форум: электрон. научн. журн. 2022. № 20(199). URL: https://nauchforum.ru/journal/stud/199/113079 (дата обращения: 23.12.2024).
Журнал опубликован
Мне нравится
на печатьскачать .pdfподелиться

ФАЪОЛИЯТ ВА ОСОРИ АЛИАКБАРИ ХИТОЙӢ

Қурбонов Расулҷон Мамадҷонович
магистранти соли дуюм, МТД «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б.Ғафуров», Тадҷикистан, Худҷанд
Ҷино Абдулсаттор
муаллимаи кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойии МТД «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б.Ғафуров», Тадҷикистан, Худҷанд

 

Султонии Туркияи усмонӣ дар асри XVI ҳам бо монанди ҳама давра бо забткориҳо ҳам қарор дошт. Забткориҳои туркҳо дар замони ҳукмронии набераи Муҳаммади II - Салими I аз нав оғоз ёфтанд. Баъди ҷанги фотеҳонаи зидди Эрон Сулон Салими I Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Доғистон ва Курдистонро ба даст даровард. Аз ҳамин вақт сар карда Салими I сохиби унвони халифаи тамоми мусулмонон мегардад.

Давраи нисбатан пуриқтидортарнни Султонии Туркияи Усмонӣ ба замони ҳукмронии Султон Сулаймони I рост омадааст. Ӯ чун усмонҳои дигар борхо ба давлатҳои гуногун лашкар кашидааст. Вале бармегардем ба лашкаркашиҳои зафармандонаи Салими I. Ӯ Белград ва Родосро ишғол намуда, баъд дар Монач лашкарҳои мутгаҳидаи Чехияю Маҷористонро торумор кард. Дар натиҷаи ин қисми зиёди Маҷористон, Валахия ва Молдавия тобеъи Имперотурии Усмонӣ шуданд. Султон Сулаймони I кӯшиши гирифтани Венаро (Австрия) кард, вале аз уҳдаи ин кор баромада натавонист. Баъд аз ин самти лашкаркашиашро тағйир дода, Байнаннаҳрайнро ишғол намуда, ба забти Африқои Шимолӣ оғоз кард. Дере нагузашта Триполи ва Алҷазоирро ба даст даровард. Дар замони ҳукмронии Сулаймони I Арабистон ҳам ба ҳудудҳои Султонии Туркияи Усмонӣ дохил карда шуд [4].

Дар асри XVI Имперотурии Усмонӣ қариб ҳамаи мулкҳои собиқи Византия ва Хилофати Арабро дар бар мегирифт. Дар зерин акси харитаи сиёсии онро дар тариқи техникаҳои асри муосир тайёр намудаанд дида метавонед. Аликабар дар ин давру замони пурталотум ба Хитой сафар намуда аст ва китоби “Хитойномаро” таълиф намудааст. Фаъолияти ӯ дар салтанати Усмониё чун савдогар будааст ё дар дарбори он фаъолият мекардааст ин барои мо номаълум аст [2, c.160].

Бо як маълумот дигар низ вохӯрдан мумкин аст. Дар ин маълумот меояд, ки Алиакбар пеш аз ба Хитой фирисодани Усмониён ин киотбро таълиф намудааст. Яъне аз тарафи сафавиҳо аз тарафи давлати Эрон рафта ҳамчун бозоргон ва ё элчии эронӣ ба сафар фирисодани шудааст ва дар ин замон бо забони форсӣ навишта шуда ва баъд он китобро оварда ба Султон Салими Усмонӣ тақдим намудааст [1].

Баъзе маълумотҳо бар меояд, ки дар он ӯ савдогар яъне бозоргон будааст. Ва ӯро ҳамчун султон Салим худ ба Чин фирисонидааст менависанд. Барои барасос намудан дар саҳифаи 26-уми китоб яъне худи Хитойномаро мегиранд. Дар ҳақиқат дар ин саҳифа унвони дар мадҳи султон Салимхонро дидан мумкин аст.

Дар асри XIII, дар замони ҳуҷуми муғул теъдоди зиёде аз шоирон ва олимону фарҳангиёни Мовароуннаҳру Хуросон аз таъқиби муғулони истилогар ба Ҳиндустон паноҳ бурданд. Ин мавҷи аввали муҳоҷирати намояндагони илму фарҳанги Мовароуннаҳру Хуросон ба Ҳиндустон буд. Ин сарнавишти фоҷиабор дар ибтидои асри XVI дар Мовароуннаҳру Хуросон боз такрор шуд. Бар асари фишору таъқиби Шайбониён теъдоди зиёди шоирону олимон ба Ҳиндустон паноҳ бурданд, ки ин мавҷи дуюми муҳоҷират ба ҳисоб меравад. Мувофиқи ахбори тазкираи «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Ҳасани Нисорӣ дар нимаи аввали асри XVI аз Мовароуннаҳру Хуросон 39 шоир бо сабабҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба Ҳиндустон муҳоҷират карданд. Дар миёни онҳо шоирон: Низомуддини Абдулбоқӣ, Шиҳобиддини Муаммоӣ, Фозили Андиҷонӣ, Қудси Фарғонӣ, Ҳайдари Кулчапаз, Боязиди Пуронӣ, Маҳрамӣ, Ҳусайни Марвӣ, Абдурраҳмони Мушфиқӣ ва дигарон буданд. Ба ғайр аз Ҳайдари Кулчапаз ва Абдурраҳмони Мушфиқӣ, ки ба ватан баргаштанд, боқӣ 37 нафари ин шоир дар Ҳинд зиндагӣ ихтиёр карда, дар доираҳои мухталифи адабии он кору фаъолият намуданд.

Шахсони зиёд медонанд, ки шахси бозоргон ҳушёр, зийрак ва хирадманду сухандон ва забондон мебошад. Аз ин бар меояд, ки ӯ аз забони чинӣ низ хабар дошта бошад. Ва он нафарон аз ин давлат ба он давлат бор мебурдаанд ва бо чунин кору фаъолият намуда зиндагии хешро пеш мебурдааст. Аз он сабаби бисёр рафту омад намудани ӯ роҳ балади беҳтарин низ дар салтанати усмониён қарор дошта бошад. Ва вақте, ки шоҳ Салим Усмонӣ бо давлати Чин низ аз наздиктар шинос шудан хоста ба вазирон хеш супориш дода бошад, амирон ин шахсро аз бозори хеш дарёфт намуда интихоб карда бошанд. Ин чун ақидаи хеш аст [3].

Аз тарафи Алиакбар ба мо танҳо як асар яъне асари “Хитойнома” шакли дастхат расида омадааст. Дар аввали асар аз тарафи муаллиф як муқаддима ва як хутба нақл шудааст. Баъд аз баёни ин нуктаҳо китоб боз ба 21 боб ҷудо карда шудааст ва дар охири ин китоб хотима қарор доштааст. Дар банди хотима феҳрасти баёни ва луғат ва пайвандаҳо ба китоб ҳусни анҷом бахшидааст.

 

Пайнавишт:
1. wikinoor.ir-ҷустуҷӯро бо забони форсӣ бояд анҷом диҳед.
2. Алиакбари Хитойӣ. Хитойнома. – Эрон: Теҳрон, 1358ҳ. - 292 с.
3. Ашрапов, Б.П. Сравнительный анализ морфологических особенностей сложных наречий в китайском и английском языках / Б.П. Ашрапов, Э.А. Азимов // Актуальные исследования. – 2022. – № 11(90). – С. 27-29. 
4. Ғафуров, Б. Тоҷикон. Монография / Б, Ғафуров. – Душанбе: Ирфон, 1998. - 412 с.
5. Нигматов, Н.И. Арабские слова в «Диван»-е Алишера Навои / Н.И. Нигматов, Б. П. Ашрапов // Актуальные научные исследования в современном мире. – 2022. – № 2-6 (82). – С. 148-153.
6. Рахимов, И. Эквиваленты китайских пословиц на таджикском языке и их использование в процессе перевода / И. Рахимов, А. Чино, А. А. Халимова // Актуальные исследования. – 2022. – № 18(97). – С. 40-42.