Статья:

“ХИТОЙНОМА” ДАР БОРАИ РИОЯИ ҚОНУН ВА РУСУМИ ДАРБОРӢ

Журнал: Научный журнал «Студенческий форум» выпуск №20(199)

Рубрика: Филология

Выходные данные
Қурбонов Р.М. “ХИТОЙНОМА” ДАР БОРАИ РИОЯИ ҚОНУН ВА РУСУМИ ДАРБОРӢ // Студенческий форум: электрон. научн. журн. 2022. № 20(199). URL: https://nauchforum.ru/journal/stud/199/113083 (дата обращения: 23.12.2024).
Журнал опубликован
Мне нравится
на печатьскачать .pdfподелиться

“ХИТОЙНОМА” ДАР БОРАИ РИОЯИ ҚОНУН ВА РУСУМИ ДАРБОРӢ

Қурбонов Расулҷон Мамадҷонович
магистранти соли дуюми МТД «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б.Ғафуров», Тадҷикистан, Худҷанд

 

Дар мамлакати Хитой қонуну қоида чунин қарор доштааст, ки тамоми аъзоёни сарой ва халқ аз рӯи қонун баробар буда, барои вайрон кардани қоида ба ҳар як шахс ҷазои муносиб таин менамудаанд. Баъзе аз онҳо ба ҷарима кашида шавад, баъзеи дигаре ба ҳибс ва ё қатл маҳкум карда мешудааст. Ва аз сабаби навохтани он кӯс бисёр касон ба ҳабс ва қатл бираванд, зеро ки қонуни эшон бағоят борик аст ва нигоҳдошти ӯ лозим. Чунон ки дар тамоми мулки чин агар касе як чиз аз қонун тарк кунад ӯро бигиред ва тавобеъ ва лавоҳақи ӯро бигиранд ҷумларо дар банд ва ҳибс бикашанд ва ҷарим кунанд [1, с 91].

Вақте, ки сайёҳи мо ба пеши подшоҳи он мамлакат медарояд чун дар тахт нишаста будааст, ки тоҷу тахти он чунон медурахшидааст, ки монанди тоҷу тахти Ҷамшед. Аммо тахти эшон бо пайкари аждаҳо оро додашуда ин подшоҳро бағоят мазлумона нишон медодааст. Бо омадем бар он ки чун хоқони Чин бар он тахт аждаҳо пайкар қарор гирад ва тоҷу тахти ҷамшедӣ ва дарҳо ва дарбандҳои сарой шаддоде ва девон салтанати хоқонӣ худро мулоҳиза карда коне дошта,ки инҳоро пеш бақо нест, зеро ки дар рӯи тахт бағоят мазлумона нишаста [2, с 91].

Дар сарой аз аҳли амирон забондонон ҳастанд қарор дошта буда, барои мусалмонон ҳафт мир забондон низ қарор дошта онҳо барои халқи мусалмон таин шудаанд. Ва умарои забондон ҳастанд аз барои ҳар тоифае ҷудо ба ҷудо ва умарои забондони мусалмонон ҳафт мир мусалмонанд ки аз барои мусалмонон мутаинанд [2, с 92].

Чи тавре, ки муаллиф қайд кардааст, ки дар онҷон барои сафирон тарҷумонҳо буда мақсад ва хоҳиши ҳар гурӯҳи элчиёнро ба подшоҳ мерасонидаанд. Подшоҳ баъд аз шунидани арзи ҳоли эшон, онҳо тӯҳфаҳои хешро ба хазиначиён супоридан аз шоҳ иҷозат мепурсидааст. Шоҳ иҷозати шифоҳи медодааст. Лекин дар пеши дарбандҳо даромад ва баромадро ба рӯйхат гирифтан аз тарафи сарой шахси муайян таин шуда будааст.

Дар боло зикр кардем, ки дар сарой дарбанҳои нуқрагин ва симин низ доранд он дарбандҳо барои хоқон ва аҳли он будааст. Гоҳо шоҳ аз дарун баромада ба онҷо ворид шуда бар тахти хеш нишаста аст. Дар он вақтҳо аҳли сарой, элчиён ва меҳмонони гуногуни аз ҳама тарафи ҷаҳон ташриф оварданд аз он дарбанд то дарбанди ҷорум гурӯҳ-гурӯҳ истода саф мекашидаанд. Қонуни онҳо шоҳ аҳли ҷамъшударонабинад ва арзкунандаҳо рӯйи шоҳро набинад. Вақте, ки шоҳ барои сӯҳбат омода бошад шахсони масъул ба шоҳ омада будани мардумро ва ба халқ омада будани шоҳро бо овози баланд бирасонанд. Барои арз аҳли мардумро расонидан шахсони махсус аз сарой таин шудааст ва муколама бо ёрии он шахсҳо ба анҷом мерасида аст. Он нафарон арзи ҳоли мардум ва меҳмононро ба шоҳ мерасонидааст ва аз дарун ҷавоби шоҳро шахси муайян бо овози баланд ба берун мерасонидааст.

Ва гоҳ бошад, ки хоқони Чин дар дарбанд сим бар тахт бинишинад ва умаро ва вазирои ва элчиёне ки аз атроф ва ҷониби олам омадаанд ва лашкар ва ғайра ва он ҳам хайл ва ҳашами мазкур гурӯҳ-гурӯҳ ва саф-саф дар он дарбандҳо то дарбанди чорум боистанд ва хоқон аз тарафи дарун барояд ба он тартиби мазкур ва ба дарбанд сим бар тахт бинишинад. Ва на хоқон эшонро бубинад ва на эшон хоқонро. Ва барои чунон ҳолат гурӯҳе аз умаро мутаин аст аз барои арз кардани он халқ. Ва он умароро дар даст тахтаҳо бошад аз дандони пил тарошида ва мунақиш ва дар аснои азр кардан он тахтаҳоро дар пеши рӯи бидоранд ва наърае дар ғоят баланде бизанад ба садое ғариб ва овозе аҷиб ва дар он наъра бигӯяд ки чандин ҳазор умаро ва чандин ҳазор лашкар ва чандин ҳазор халқ ки аз атроф ва ҷониби олам омадаанд ин ҷо ҳама ҳозиранд ва онро бикӯбад ва хомӯш кунад ва аз даруни сарой аз пеши тахти хоқон  дар ҷавоб ходими баланд овоз гӯяд ки хоқон [донист]. Чун андаке [ба девон] макас мекунанд як мир дигар боз аз берун ба овозе аҷиб ва ғариб бигӯяд, ки фармон чист? Аз даруни сарой ҷавоб ояд ки иҷозат аст [2, с.92].

Дар мамлакат қонун чунин будааст, ки худи шоҳ ҳам ба ҷазо кашида мешудааст. Агар сарвари он мамлакат дар як моҳ ду бор ба маҷлис бе асос наояд бахшида мешудааст, агар се дафъа наояд гунаҳкор ҳисобида шуда аз тарафи қонуни эшон шоҳ ва аҳли пайвандонаш аз кор канорнишини менамудаанд. Дар он давлат ҳама ғуломи қонун аст. Агар хоқони Чин дар моҳе ду бор ба девон ба девони дар наояд муоф аст. Агар се бор тарк кунад балои узр гуноҳ пеш эшон тарки қонун аст ва агар хоқони Чин се гуноҳ кунад аз подшоҳӣ маъзул шавад ва авлоди ӯ низ гуноҳкор шаванд ва подшоҳӣ аз насли ӯ мунқатиъ шавад ва аз он подшоҳзодаҳо ки дар баъзе шаҳрҳо гузоштаанд ҳосил хароботи он шаҳр ваҷҳ маош ӯ буд якеро ки аълам ҳама халқ буд биёранд ва подшоҳ созанд ва хоқони пешинро азал кунанд аз барои он ки умаро ва лашкаре ва халқ тобеъи ӯянд. Дар он аҳкоме ки ба тариқи қонун бошад ва дар хилофи қонун фармон набаранд [2, с 93].

Дар ин давлат ҳар як шахс танҳо як хато мекардааст ва агар инро касе фаҳмад барои ӯ ҷазо дода мешудааст аммо фақат шоҳро онҳо то се хато накунанд ҷазо намедодаанд. Аммо аъзоёни сарой ва аҳли шоҳ бошад ҳам ҷазо медидаанд ва ҷазо онҳо ба ҷинояти онҳо мувофиқ мешудааст.

 

Пайнавишт:
1. wikinoor.ir-ҷустуҷӯро бо забони форсӣ бояд анҷом диҳед.
2. Алиакбари Хитойӣ. Хитойнома. – Эрон: Теҳрон, 1358ҳ. - 292 с.
3. Ғафуров, Б. Тоҷикон. Монография / Б, Ғафуров. – Душанбе: Ирфон, 1998. -412 с.
4. Нигматов, Н.И. Арабские слова в «Диван»-е Алишера Навои / Н.И. Нигматов, Б. П. Ашрапов // Актуальные научные исследования в современном мире. – 2022. – № 2-6 (82). – С. 148-153.
5. Рахимов, И. Эквиваленты китайских пословиц на таджикском языке и их использование в процессе перевода / И. Рахимов, А. Чино, А. А. Халимова // Актуальные исследования. – 2022. – № 18(97). – С. 40-42