Статья:

ТАРҶУМАИ ТОҶИКИИ АСАРИ МАРК ТВЕН –“ШОҲЗОДА ВА ГАДО”

Журнал: Научный журнал «Студенческий форум» выпуск №20(199)

Рубрика: Филология

Выходные данные
Бойболаев Б.Э. ТАРҶУМАИ ТОҶИКИИ АСАРИ МАРК ТВЕН –“ШОҲЗОДА ВА ГАДО” // Студенческий форум: электрон. научн. журн. 2022. № 20(199). URL: https://nauchforum.ru/journal/stud/199/113208 (дата обращения: 25.07.2024).
Журнал опубликован
Мне нравится
на печатьскачать .pdfподелиться

ТАРҶУМАИ ТОҶИКИИ АСАРИ МАРК ТВЕН –“ШОҲЗОДА ВА ГАДО”

Бойболаев Бобоҷон Эрканҷонович
омӯзгори забони англисии кафедраи шабонҳои шарқ, МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б.Ғафуров”, Тадҷикистан, Худҷанд

 

Аз давраҳои қадим тарҷумонӣ ва донистани забонҳо барои бо ҳам наздик шудани мардумони ҷаҳон воситаи хуб ба шумор мерафт. Мутарҷимон моҳкориҳои адабиёти ҷаҳонро бо тарҷумаҳои худ ба мардум ошно месозанд. Ҳеч як забон ва ҳеч як адабиёт дар сари худ, бидуни иртибот ва муносибот бо забон ва адабиёти миллатҳои дигар тариққӣ намекунад, пеш намеравад, камол ёфта бузург нахоҳад шуд. Худи маънои забон ва адабиёт – иртибот ва муносибат аст [7, с. 85]. Тарҷума ҳамчун як шохаи илмӣ забон қонун ва қоида, шарт ва раванди кори худро дорост. Мутахассисони ин соҳа А.С. Бархударов, А.В. Фёдоров, А.Д. Швейсар, В.Н. Комессаров доир ба санъати тарҷума асарҳои пурқимати илмӣ офарида, назарияи онро аз ҳар ҷуҳат такомул додаанд. Дар нимаи дуюми асри XX тарҷумаи асарҳои бадеии адибони Шарқу Ғарб ба дараҷаи баланд расид, ки дар он вақтҳо ба мутарҷимӣ эътибори махсус дода мешуд ва дар он давра яке аз асарҳои бачагонаи марғуб ва хонданӣ “Шоҳзода ва Гадо” низ ба китобхонаҳои пурнури Советӣ даромад. “Шоҳзода ва Гадо” (Eng. The Prince and Pauper) - нахустин ва машҳуртарин романҳои таърихии Марк Твен.

Баъдан тарҷумонони Осиёи Марказиро низ китоби машҳури М.Твен водор сохт, ки асарро тарҷума намуда борои китобхонон тӯҳфа намоянд. Ва соли 1951 тарҷумон Раҳим Ҳошим асарро аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ баргардонд. Р.Ҳошим забони аслии асарро намедонад ва дар ин ҳолат барои мутарҷими тоҷик тарҷумаи Чуковский, яъне забони русӣ забони аслии асар ҳисобида мешавад. Бинобар ин, мо мақсади бо ҳам муқоиса намудани китоби аслии англисӣ ва тоҷикиро надорем.

Бо як мисол тарҷумаҳоро муқоиса намудан мумкин: In the ancient city of London, on a certain autumn day in the seocond quarter of the sixteenth centure, a boy was born to a poor family of the name of Canty, who did not want him [1, с. 2] - тарҷумаи К.Чуковский: Это было в конце второй четверти шестнадцатого столетия. В один осенний день в древнем городе Лондоне в бедной семье Кенти родился мальчик, который был ей совсем не нужен [2, с. 5]. Ҷумлаи овардашуда аз услуби тарҷумаи Чуковский хабар мерасонад. Чуковский услуби ба худ хос дорад, ки ӯ бо роҳи осон тарҷума намуда, ба китобхон маънои аслии асарро расонида метавонад. Дар ҷумлаҳои зерин низ ӯ аз як ҷумлаи мураккаб ду ҷумлае ифода намудааст, ки ҳам барои тарҷума ва ҳам барои фаҳмиш хуб мебошад.

Бо назардошти ин агар авалин ҷумлаи асари «Шоҳзода ва гадо»-ро бо тариқи калима ба калима ба забони тоҷикӣ беистифода аз тарҷумаи Чуковский, яъне аз матни асл тарҷума кунем, чунин ҳолат ба назар мерасад: Дар шаҳри қадимаи Лондон, дар нимаи дуюми асри шонздаҳум, яке аз рӯзҳои тирамоҳ дар хонаводаи фақире Кенти як писаре ба дунё омад, ки ӯ ба касе даркор набуд. Тарҷума иборат аз ёфтани наздиктарин ва дақиқтарин муодил барои вожагони забони асил, ба тавре ки равиш ва сиёқи гӯянда ҳифз шавад. Аз ҳама чизи муҳим дар тарҷума ин нигоҳ доштани хусусиятҳои миллии фарҳангӣ ва замонавии асар мебошад, яъне дода тавонистани услуби шахсии худи муаллиф, эстетикаи муаллиф, ки дар асари бадеӣ нишон дода шудааст, зоҳир намудан мебошад. Албата, иҷрои ин талабот беҳад душвор аст. Пеш аз ҳама, ин ба талабот мутобиқ кардани матн мебошад, ки ба хонандаи ғайризабон матни тарҷумашударо мехонад, соддатару фаҳмотар бошад, агар асар асари бачагона бошад, боз аз мутарҷим масъулияти калон талаб менамояд, зеро ҳангоми тарҷума ба мутарҷим лозим меояд, ки баъзе воситаҳои экспрессивии анъанаҳои адабии забони тарҷумаро дигаргун созад. Аммо мушкилии асосӣ дар он аст, ки дар вақти тарҷума аз мутарҷим дуруст интихоб намудани он қонуниятҳои душвори гарамматикию фразиологӣ ва стилистикиеро муаллиф дар нусхаи аслӣ истифода мебарад, сахт талаб карда мешавад: “Thou'rt a gentle comforter, sweet lady,” said Tom, gratefully, “and my heart moveth me to thank thee for't, an' I may be so bold” [1, с. 21]. Вақте Том ба Сарой меояду ҳаёташ бо шоҳзода иваз мегардад, дар назди шоҳзодахонумон гапҳои бемаданиятро зада рӯяш сурх мешавад ва аз онҳо узр мепурсад. Малика шоҳзодаро бемор фикр карда ӯро фаҳмада узрашро қабул мекунад ва Том бо чунин ҷумла миннатдории худро баён мекунад. Тарҷумаи Чуковский: Вы нежная утешительница, милая леди, - с признательностью вымолвил Том, - и, с вашего позволения, я от всей душе благодарю вас [2, с.35]. Тарҷумаи Р.Ҳошим; Том бо миннатдорӣ баён кард: - Шумо хонуми басо меҳрубон ва ғамхор ҳастед. Иҷозат диҳед, барои ин меҳрубониатон миннатдорӣ изҳор намоям [3, с.35]. Дар байни ҷумлаҳои англисию русӣ тафовут ба назар намерасад, лекин мутарҷими тоҷик каме тағирот ворид намудааст. Аммо муҳим дар он аст, ки маънои аслӣ дар забони мақсад барои китобхон расонида шудааст. Боз як масъалаи басо муҳим ҳаст, ки баъди тарҷумаи Раҳим Ҳошим соли 1952 ба кори тарҷумон аз тарафи М.Ҳасанов ва И.Маҳвашев якчанд таъғироту ислоҳотҳо дароварда шуда, дар Нашриёти Давлатии Тоҷикистон аз нашр баромад. Ҷумлаи мазкур дар ин китоб чунин оварда шудааст; Том бо миннатдорӣ баён кард: - Хонуми азиз, ту тасалло дода метавонӣ ва ман барои ҳамин аз таҳти дили худ аз ту миннатдорам [4, с. 54]. Албата, ба ин ҷумла ислоҳотҳо дароварда шудааст, вале бо ду-се калима ҷое, ки тамоман ба маънои асл зид аст, илова карданд. Аз ин ба хулосае омадан мумкин, ки ҷумла дуруст ислоҳ карда нашудааст.

Якчанд исмҳои хосе, ки дар асари “Шоҳзода ва Гадо” оварда шудаст бо мисолҳои зерин намуди тарҷумаи онҳоро мушоҳида намудан мумкин аст. There was no talk in all England but of the new baby, Edward Tudor, Prince of Wales... [1, с. 3]. Акнун бо тарҷумаҳои русию тоҷикӣ муқоиса менамоем: во всей Англии только и розговоров было, что о новорожденном Эдуарде Тюдоре, принце Уэльском... [2, с. 6]. Раҳим Ҳошим бошад ин ҳолатро чунин қайд менамояд: дар тамоми Англия дар бораи Эдуард Тюдори навзоидашуда, дар бораи шоҳзода Уэлский гап мерафт... [3, с. 4]. Таваҷҷуҳ менамоем ба калимаҳои хаткашида. Аввалин калима England – Англия бо усули анъанавӣ ба забонҳои тоҷикию русӣ баргардон шудааст, ки тарзи навишти таърихии калима мебошад. Тарҷумаи калимаи дуюм Edward Tudor – Эдуард Тюдор бошад, бо истифодаи усули транскрипсия баргардон карда шудааст, яъне садодиҳии калимаи англисӣ дар забони тоҷикӣ. Дар ин ҷо тарҷумаи калимаи сеюм таваҷҷуҳи моро зиёдтар ҷалб менамояд. Тарҷимаи К.Чуковский принц Уэльском-ро барои чӣ Р.Ҳошим ин исми хосро шоҳзода Уэлский гуфта баргардон намуд? Ин ҳолатро мо агар дар асоси қоидаҳои грамматикӣ гирем, исми хоси Prince of Wales бо тавассути пешоянди “of” сохта шудааст, ки соҳибиятро ифода менамояд, муодили тоҷикии он бандаки изофии “-и” мебошад [5, с.31]. Дар натиҷаи таҳлили ҳаматарафа ба чунин хулосаи амиқ омадем, ки мутарҷими хушсалиқа Р.Ҳошим ба хубӣ дарк намудани мазмуни ғоявӣ, шаклу рўҳи романи “Шохзода ва гадо” ва услуби Марк Твен муваффақ гаштааст. Ҳамаи ин имконият медиҳад, ки хонандаи тоҷикзабон ба маданият, расму ойини халқи англис аз наздик шинос шавад.

 

Пайнавишт:
1. Twain Mark. The Prince and the Pauper. – London. 1877. – 346 p.
2. Твен Марк. Принц и Нищий. – Москва: издательство “Детская литература”, 1970. – 222 с.
3. Твен Марк. Шоҳзода ва Гадо. / Аз забони русӣ тарҷумаи Р.Ҳошим., - Душанбе: Нашриёти “Ирфон”, 1975. – 220 с.
4. Твен Марк. Шоҳзода ва Гадо. – Сталинобод: Нашриёти “Давлатии Тоҷикистон”, 1952. – 342 с.
5. Бархудоров Л.С. Язык и перевод. Вопросы общей и частной теории перевода. – Москва: 1975. – 400 с. 
6. Мамадназаров А. Фарҳанги англисӣ-таҷикӣ. Нашри такмилшудаи дуюм. – Душанбе: 2007. – 700 с. 
7. Ҷалол Икромӣ. Тарҷима ва адабиёти миллӣ. // Садои шарқ – 1966 -№2 (157). С.85 – 90.
8. Прошина З.Г. Теория перевода (с английского языка на русский и с русского языка на английский): Уч. на англ. яз. - Владивосток: Изд-во Дальневост. ун-та, 2008 (3-е изд., перераб.), 2002 (2-е изд., испр. и перераб), 1999. – 350 с. 
9. https://www.litmir.me/bd/?b=203138. Санаи муроҷиат 10.01.2020, 10:44.