ҶОЙГОҲИ ШЕЪРИ АРАБӢ ДАР “МУФРАДОТ”-И РОҒИБИ ИСФАҲОНӢ
Журнал: Научный журнал «Студенческий форум» выпуск №27(206)
Рубрика: Филология
Научный журнал «Студенческий форум» выпуск №27(206)
ҶОЙГОҲИ ШЕЪРИ АРАБӢ ДАР “МУФРАДОТ”-И РОҒИБИ ИСФАҲОНӢ
“Муфрадот”-и Роғиби Исфаҳонӣ он гуна, ки муаррифӣ ёфт, дар заминаи шинохти маънии асливу маҷозии Қуръони карим яке аз мӯътамадтарин сарчашмаҳо ба ҳисоб мегардад. Фирӯзободӣ муаллифи фарҳанги гаронсанги “Қомус-ул-муҳит”, ки бо он ҳама камоли донишро дар илми луғатшиносӣ соҳиб аст, дар мақоми ин асари Роғиб чунин фармуда: “Муфрадот”-и Роғиб дар маъно назиру монанде надорад” [2, с.25]. Роғиби Исфаҳонӣ дар “Муфрадот”-и хеш бар шеъри араб таваҷҷуҳи хосе намуда, онҳоро ҳамчун бунмояи усули таҳқиқ ва шеваи таҳмили хеш қарор додааст. Ҷойгоҳи шеъри арабӣ дар ин китоби бас арзишманд хеле муҳим буда, дар ҳоли ҳазфи онон, наметавон аз “Муфрадот” мақоми мавҷударо чашм дошт. Агар гӯем, ки шеър дар тавзеҳи луғоту таъбироти қуръонӣ мақоми рукниятро дорад, муболиға нахоҳад буд. Зеро Қуръони маҷид бар луғати аҳли Ҳиҷоз нозил шуда ва пайванди ногусастанӣ бо забони эшон дорад. Аҳли Ҳиҷоз ва қабоили атрофи он бар шеър унси бесобиқа доштанд. Замоне дарнагузашт, ки рӯзгори онон сипарӣ шуду даврони насли баъдӣ фаро расид. Бар эшон ҳар мушкилие, ки дар фаҳми баъзе аз калимаву ибороти Қуръон пеш меомад, онон барои он ки бидонанд, ин лафз дар он замон бар чӣ истифода меёфта, бар шеъри он давра назар мекарданд. Ба ҳамин тариқ дар тафсир, ки дар он замон илми мудавван набуду дар синаҳо ва ё дар канори аҳодису ривоёт қарор дошт, ашъори арабӣ ба касрат ворид шуд. Дар тафсиру табйини калимоту ибороти қуръонӣ осори зиёде навишта шуда, ки чанде аз онҳо баҳси асосии хешро бар тавзеҳи таъбироти каломи осмонӣ ихтисос додаанд. Метавон дар ин маврид аз осоре, чун “Масоил”-и Нофеъ ибни Азрақ, “ал-Вуҷуҳу ван назори”-и Ҳусайни Домғонӣ, “Таъвилу мушкилил қуръон”-и Ибни Қутайба ва ғайраро ёд кард. “Муфрадот”-и Роғиби Исфаҳонӣ дар ин замина аз номовартарин осор буда, бо нукоти қавии таҳлилӣ ва мабонии мӯҳками истидлолии хеш аз таълифоти ҳаммасири хеш имтиёз пайдо намудааст. Ҳамин хусусияти он мӯҷиб гардида, ки бузургтарин донишмандони илми мазкур ба санои он забон бикушоянд.
Муфрадот аз ин манбаи аҳли маънӣ бо усулҳои мухталиф истифода бурдааст. Ӯ дар ҳангоми истинод ба мисраъ ё байтҳо бештар бидуни зикри номи гӯяндаи шеър баҳра мебарад. Дар ин гуна мавридҳо қабл аз иқтибоси шеърӣ бештар чунин калимаву иборотро баён медорад, ки ин ҷо онҳоро бо як-як намуна зикр менамоем:
Ба забони тољикї |
Ба забони арабї |
Қолаш шоирун (Шоир гуфт): (Табоҳӣ ва нобасомонии фазоро бидиду фурӯ афтод) [2, с.287] |
:قال الشاعر ابصر خربان فضاء فانكدر |
Аншуда (суруда): (Вақте ки Ҷавзо / номи бурҷе аз дувоздаҳ бурҷи фалакӣ / ба Сурайё баробар шавад) [2, с.350] |
:انشد اذا الجوزاء اردفت الثريا
|
Қола (Гуфт, фармуд): (Моҳи тозаи шаби тираву андӯҳ нопайдост) [2, с.613] |
:قال ليله غمى طامس هلالها |
Қавлуш шоир (сухани шоир аст): (Бар муруввату тавонмандӣ аз дарвозааш биёмадам, яъне бар ҷаҳони футуввату саховат воқеан творид шудам) [2, с.60] |
:قول الشاعر اتيت المروءة من بابها
|
|
:قيل كابي براقش كل لون لونه يتخيل |
|
و ذلك نحو قول لبيد ان تقوى ربنا خير نفل |
Муаллиф шеърро бар ҳасби зарурат истифода мебарад, на аз баҳри он, ки китоби хешро захиму пурҳаҷм созад. Аз ин сабаб, дар аксари ҳолатҳо ба овардани мисраъ ва ё байт истифода намудааст. Хеле нодир аст, ки ба ду байт ё бештар аз он истиснод ҷуста бошад. Бо таҳқиқ дар “Муфрадот” бароямон равшан гардид, ки Роғиб дар се маврид аз ду байт ва дар як маврид аз се байт баҳра ҷустааст. Аз он ду мавриди дигаре, ки бо ду байт шеър назари хешро тақвият бахшида, як навбате дар муқаддима зикр ёфтааст. Дар маҷмӯъ дар “Муфрадот”-и хеш аз 163 байт ва 319 мисраъ шеър баҳра ҷуста, бо онҳо назарҳои хешро таҳким бахшидааст. Ҳамин теъдоди зикрёфта низ метавонад, мақоми шеърро дар “Муфрадот”-и Роғиб маълум созад.