Статья:

ИНЪИКОСИ ЗАБОН, ФАРҲАНГ ВА ЁДГОРИҲО ДАР “ХИТОЙНОМА”

Журнал: Научный журнал «Студенческий форум» выпуск №20(199)

Рубрика: Филология

Выходные данные
Қурбонов Р.М. ИНЪИКОСИ ЗАБОН, ФАРҲАНГ ВА ЁДГОРИҲО ДАР “ХИТОЙНОМА” // Студенческий форум: электрон. научн. журн. 2022. № 20(199). URL: https://nauchforum.ru/journal/stud/199/113081 (дата обращения: 23.11.2024).
Журнал опубликован
Мне нравится
на печатьскачать .pdfподелиться

ИНЪИКОСИ ЗАБОН, ФАРҲАНГ ВА ЁДГОРИҲО ДАР “ХИТОЙНОМА”

Қурбонов Расулҷон Мамадҷонович
магистранти соли дуюми МТД «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад. Б.Ғафуров», Тадҷикистан, Худҷанд

 

Умаро ва лашкаре ва элчиёне, ки аз атроф ва ҷумлаи он халқ ба маротиби худ ва ба суръати ҳар чи тамомтар гурӯҳ-гурӯҳ дароянд ва ҳар гурӯҳро маротиб ва ҷои ӯ мутаин аст ва мардумоне, ки аз ин тарафи дунё яъне аз диёри Ислом рафта бошанд бар ҳама муқаддам ва ду, се қадам монд наздики хоқони Чини боистанд ва ҳурмати мусулмононро бар ҳама муқаддам медоранд ва аз мусалмонон поятар мардумони Тибт боистанд ва аз Тибтон поятар Қалмоқон боистанд ва аз Қалмоқ поятар Уйғурон боистанд ва аз Уйғурон поятар гурӯҳ Авҷад ва Ҷурҷит боистанд ва аз Авҷаду Ҷурҷит поятар гурӯҳ-гурӯҳ ва навъ-навъ ҳиндуён боистанд.

Ва ҳар гурӯҳ аз мамлакате омадаанд ва ҳар гурӯҳе ба навъе либосҳо пӯшида ва ба забон дигар гуна сухан микунанд ба ҳафтод ва ду забон дар хитой сухан мекунанд ва номаъдуд ва бисёр будани забонҳоро шабаҳ нест ва бисёре луғат алфоз  мухталиқа медонем, ки дар Рум яке мувофиқ нест.

Ва он кас ки кӯс адл бинавозад умароро тарс аз ӯ аз он аст, ки он кӯс адл навохтан шикоят мешавад аз умарое, ки муҳимот он кас тааллуқ ба эшон дорад яъне ба доди ман нарасиданд. Омадам ва кӯс адл навохтам ва чун он шахс кус адл навозад ҳар ду зону бар замин ниҳад ва бар сар зону боистад ва он нигоҳбонон кӯс беруни дар ҷаҳанд ва гардани он касро ки кӯсро зад яъне навозандаи он кӯсро гардан бибанданд ва мунтазир боистанд ва мӯ калон дарбандҳо дар ҳар дарбанде ки ҳастанд яъне нигоҳбонон кӯс ҳар гурӯҳ кӯси худро як зарб бинавозанд ва чун дар ҳафт дарбанд ҳафт ҳафт зарб бар он кӯсҳо бизананд ва овози кӯси ҳафтум ба гӯши хоқон бирасад дар ҳол ходимони хоси худро бифиристанд ва аз он шахс тафтиш аҳволаш бикунанд ва аз забони ӯ тазкирае бигиранд ва хати ӯро низ бигиранд – ки Хитой бехат сухан накунад – ва аз он додхоҳ замон биситонанд ва раҳо кунанд ва агар замон надошта бошад дар ҳибс бикунанд, зеро ки муҳимоти ӯ куллӣ бошад аз ҷиҳати он дар ҳибс кунанд ва он хат ва тазкираи додхоҳ пеши хоқон дароранд ва он хат ва тазкираро худ бихонад ва тафтиши он ҳол ба хоси худ бифармояд [2, c.92].

Ва умарои забондон ҳастанд аз барои ҳар тоифае ҷудо ба ҷудо ва умарои забондон мусалмонони ҳафт мир мусалмонанд ки аз барои мусалмонон мутаинанд.

Ва чун хоҳад, ки элчиёнро иҷозат бидиҳанд он забондонон биёянд дар ҳузури хоқони Чин арзи ҳоли ҳар гурӯҳ бикунанд ва гӯянд маҳали он шуд ки бахшиш дода шавад ва эшонро иҷозат дода шавад. Хоқони Чин дар ҷавоб гӯяд ки донистам ва хазиначиён медонанд мо савои он миқдор сухан аз хони Хитой умарои беруни сарой ва халқи берун нашидаанд ва он миқдор такаллуми хоқон гӯё аз барои он аст ки халқи берун бидонанд, ки аврозбон ҳаст ва қонун нест муколама кардани хоқон [бо умарои берун ва умарои низ бо ав ҷуз ба хат сухан накунанд. Ва дар ҳузури хоқон] низ қонун нест хат доштан ва дар ва дарбандҳои як ҷониби сарой махсус аст аз барои хат даромадан ва баромадан гуфта шуд [2, c.43].

Ҳикоят “Умарои Хитой пеши хони Хитой хат дароварданд, ки чандин ҳазор ва хонавори мусалмон махлут аст дар миёни мардум дар миёни мардум мисол: алафи бегона дар миёни гандум. Шавад, ки инҳоро пок созем ва дигар инҳо мол намедиҳанд. Хоқони Чин се ҷавоб фармуда: яке онки падарони мо дар ин кор ҳеч тасриф накарданд мо чигуна тасриф кунем. Ва дуввум онки моро ҳукм бар зоҳири эшон аст, ботини эшонро чи кор дорем. Ва саюм онки кош моёнро ҳам насиб шавад ҳамчунон мусалмон шавем. Аз баъзе ҳаракоти хоқон” [2, c.48].

Он чунон аст, ки дар ҳисор иддинои эшон панҷ сад хонавор кас аст ва ҳам аз ин даҳ ҳисори тобеъи шаҳр аст, ки номи ӯ Ҳан тобеъи шаҳре аст, ки номи ӯ Шан ва деҳи Шан тобеъи шаҳре аст, ки номи ӯ Ку ва деҳи Ку тобеъи шаҳре аст, ки номи ӯ Кутой ва деҳи Кутой тобеъи шаҳре аст, ки номи ӯ Фу ва Фу иборат аз масири ҷомеъ аст ва дар қонуни Хитой он аст, ки дар ҳар қаламрави амин ва муфаттиш гузоштанд, ки доим дар тафтишу пурсишанд, ки куҷо тавон ҳисор сохтан ва ё шаҳр сохтан. Ва чун ҷойи муносиб, ки ёфтанд хат навсанд ба подшоҳ ва он хат чун ба пеши подшоҳ бирасад дархвари он хат подшоҳ лашкар муайян мекунад аз барои шаҳр сохтан ва дар чанд гоҳ созанд ва дар кадом рӯз ва дар кадом моҳ тамом шавад.

Ва дар беруни шаҳри Хонболиғ Хонболиғ хоқони Чин масҷид сохта хоса аз барои ибодат худ. Дар соле якбор маҳали қатли зиндониён бар он биравад. Ва дар он масҷид сурат нест ва дар девори қиблаи он масҷид оятҳои каломи Оллоҳ аст ва исмои аъзим навиштанд ба хати мусалмонон ва ба хати хитойӣ возеҳ карда.

 

Пайнавишт:
1. wikinoor.ir-ҷустуҷӯро бо забони форсӣ бояд анҷом диҳед.
2. Алиакбари Хитойӣ. Хитойнома. – Эрон: Теҳрон, 1358ҳ. - 292 с.
3. Ашрапов, Б.П. Сравнительный анализ морфологических особенностей сложных наречий в китайском и английском языках / Б.П. Ашрапов, Э.А. Азимов // Актуальные исследования. – 2022. – № 11(90). – С. 27-29. 
4. Ғафуров, Б. Тоҷикон. Монография / Б, Ғафуров. – Душанбе: Ирфон, 1998. - 412 с.
5. Нигматов, Н.И. Арабские слова в «Диван»-е Алишера Навои / Н.И. Нигматов, Б. П. Ашрапов // Актуальные научные исследования в современном мире. – 2022. – № 2-6 (82). – С. 148-153.
6. Рахимов, И. Эквиваленты китайских пословиц на таджикском языке и их использование в процессе перевода / И. Рахимов, А. Чино, А. А. Халимова // Актуальные исследования. – 2022. – № 18(97). – С. 40-42.
7. Rashidova, D. The role and contribution of the leader of the nation Emomali Rahmon in the study and tuition of foreign languages / D. Rashidova, B.P. Ashrapov // 30 декабря 2021 года, 2021. – P. 44-48.